Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон рӯзноманигорро ба зиндон маҳкум карданд


Бино ба гузориши нашрияи ислоҳталаби Эрон бо номи "Шарқ", додгоҳи ин кишвар Муҳаммад Нуризод-филмноманавис ва рӯзноманигори машҳурро ба севуним соли зиндон ва 50 шаллоқ маҳкум кардааст. Нуризод моҳи декабри соли гузашта баъд аз навиштани се номаи сарбоз ба ояятуллоҳ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон боздошт шуда буд. Вай баъд аз саркӯбии тазоҳуркунандагони интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурии Эрон аз ҷониби ҳукумат эътирози худро ба Хоманеӣ изҳор дошт. Human Rights Watch ё дидбони ҳуқуқи башар навишт дар ин саркӯбиҳо 30 нафар кушта, ҳазорон нафар боздошт шуданд. Беш аз 100 нафар маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG