Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати баландпояи ИМА дар шаҳри Бишкек


Як мақоми баландпояи Амрико имрӯз бо раҳбарони ҳукумати муваққати Қирғизистон мулоқот мекунад. Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, бо Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққат, мулоқот хоҳад кард. Вай нахустин дипломати баландпояи Амрико аст, ки баъди фирори раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев аз Бишкек ба Қирғизистон сафар кардааст. Ҳамчунин имрӯз, Алмосбек Отамбоев, муовини аввали раҳбари ҳукумати муваққат, дар шаҳри Маскав бо мақомоти Русия дар шаҳри Маскав гуфтӯгу хоҳад кард. Дар тазоҳуроти хунини рӯзи ҳафтуми апрел дар Бишкек 82 нафар ҷон доданд. Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, дар сурате истеъфо хоҳад дод, ки агар давлати муваққат амнияти ӯ ва наздиконашро таъмин кунад: "Ман ба шарте истеъфо хоҳам дод, ки онҳо ба гаштугузори мардуми мусаллаҳ ва бесарусомониҳо, ғасбу тақсими моликият хотима диҳанд ва албатта, ва амнияти ману наздиконамро таъмин кунанд." Роза Отунбоева гуфтааст, ба шарте амнияти Қурмонбек Боқиевро таъмин мекунанд, ки аз мақомаш истеъфо дода ва Қирғизистонро тарк намояд.
XS
SM
MD
LG