Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиатномаи вакилони гурҷӣ ба 50 кишвари ҷаҳон


Вакилони мардумии Гурҷистон бо ирсоли муроҷиатномае ба 50 кишвари дунё аз онҳо, хостаанд, то Русияро ба ҳайси кишвари ишғолгар дар минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ бишносанд. Кумитаи равобити хориҷии порлумони Гурҷистон муроҷиатномаи мазкурро ба тамоми кишварҳои узви порлумони Аврупо ва ҳамчунин порлумонҳои Амрикову Канада, Ҳинду Исроил, Зеландияи нав ва чанд кишвари африқоӣ ирсол кардааст. Русия баъди ҷанги кӯтоҳе бо Гурҷистон дар соли 2008 Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт ва нерӯҳои марзбонии Русия марзи миёни ин ду минтақаи ҷудоихоҳ ва Гурҷистонро посбонӣ мекунанд. Ба ғайр аз Никарагуа, Венесуэла ва Науру дигар, ҳеҷ кишвари ҷаҳон Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба ҳайси кишварҳои мустақил эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG