Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи "нодири" Судон бо таҳрими мухолифин


Дар Судон мардум рӯзи шанбе ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд, то дар нахустин интихоботи бисёрҳизбӣ дар тайи 24 соли гузашта ширкат намоянд. Интихоботи раиси ҷумҳур, порлумон ва шӯроҳои давлатӣ бахше аз созиши сулҳест, ки ба муноқиша миёни шимол ва ҷануби Судон хотима дод. Чанде аз аҳзоб ва сиёсатмадорони умдаи мухолифи Умар Ал-Башир, раиси ҷумҳури Судон, бо ибрози нигаронӣ аз тақаллуб, интихоботро таҳрим кардаанд. Бино ба гузоришҳо, Умар Ал-Башир, ки баъди табаддулоти давлатӣ дар солит 1989 ба қудрат расид, дар интихобот пирӯз мешавад, зеро тамоми номзадҳои мухолифин аз ширкат дар интихобот даст кашидаанд. Умар Ал-Баширро, Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят, ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар минтақаи Дарфури Судон муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG