Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни тазоҳурот дар Бишкек


Имрӯз дар Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълон шуда буд. Субҳи шанбе хабар расид, ки боз се тан аз афроди дар ҷараёни тазоҳурот зиддиҳукуматӣ ҷароҳатбардошта аз олам даргузаштанд ва акнун теъдоди қурбониён ба 79 нафар расидааст. Раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева изҳор намуд, ки дар маросими ёдбуди қурбониён дар шаҳри Бишкек тақрибан 3 ҳазор нафар ширкат доштанд. Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев изҳор намуд, ки барои баррасии мавзӯъи истеъфои худ бо ҳукумати нав омода аст ва аммо то ҳанӯз касе аз раҳбарони ин ҳукумат бо ӯ дар тамос нашудааст.
XS
SM
MD
LG