Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 54 мухолифи ҳукумат дар Оракзай


Мақомоти Покистон хабар доданд, ки бар асари ҳамлаи шабонаи ҳавопаймоҳои низомӣ дар як минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон 54 гумонбари терроризм кушта шуданд. Самеъулло Хон, як корманди баландмақоми маҳаллӣ гуфт, ки ин ҳамла ба минтақаи қабоилнишини Оракзай, такягоҳи ҷунбиши “Толибон”-и Покистон ва “Ал-Қоида” дар вилояти Шимолу ғарбии Покистон, сурат гирифт. Ӯ афзуд, ки аз ин пеш рӯзи ҷумъа гурӯҳи тақрибан саднафараи ошӯбгарон талош карданд, ки як постгоҳи стратегиро дубора таҳти назорат қарор диҳанд ва аммо ноком шуданд. Дар ин ҳодиса дасти кам 18 тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG