Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Качинский дар суқути ҳавопаймо тафтиш мешавад


Ҳангоми нишастан ба фурудгоҳи Северный, воқеъ дар канори шаҳри Смоленски Русия, ҳавопаймое суқут кард, ки тибқи баъзе хабарҳо, миёни мусофиронаш раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский ва хонуми ӯ ҳам буданд. Бар пояи иттилоъи пешакии вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, дар ин ҳодиса 87 сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд. Вазорати умури хориҷаи Лаҳистон иттилоъ дод, ки айни ҳол хабари дар ин ҳавопаймо будан ё набудани сарвари кишвар тафтиш мешавад.
Қарор буд, ки имрӯз Лех Качинский дар маросими ёдбуди қурбониёни маҷмааи ёдгории “Хатин” дар вилояти Смоленск ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG