Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти фиристодаи САҲА бо намояндаи Отунбоева


САҲА гуфт, фиристодаи хосаш дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, бо як узви ҳукумати ҷадиди худхондаи Роза Отунбоева мулоқот карда ва хостори барқарории субот дар ин кишвар шудааст. Ҷонибек Қарибҷонов, дипломати қазоқ рӯзи 8 апрел ба ҳайси фиристодаи хоси САҲА ба Бишкек эъзом шуд ва рӯзи ҷумъа бо Нурлан Оймирзоев, муовини вазири хориҷа дар ҳукумати муваққати Отунбоева мулоқот кард. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Катрин Эштон низ гуфт, ки фиристодаи хосаш Перр Морелл рӯзи шанбе ба Қирғизистон меравад.
Бо ин ҳол, Роза Отунбоева як ҳайъатро таҳти раёсати муовини худ Алмос Ҳотамбоев ба хотири дарёфти кӯмакҳои иқтисодӣ ба Маскав фиристода ва рӯзи ҷумъа гуфт, бо раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев музокироте сурат нахоҳад гирифт. Боқиев, ки ба ҷануби Қирғизистон фирор кардааст, гуфт, барои музокирот бо мухолифин омода ҳаст, вале истеъфо нахоҳад дод.
Кӯчаҳои Бишкек рӯзи 9 апрел ором ба назар мерасид. Дар Қирғизистон ба ёди дастикам 75 қурбонии ошӯбҳои ахири сиёсӣ ду рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG