Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони тилои духтари президент


Фарзона Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва хонандаи синфи шашуми литсейи президентии Душанбе, соҳиби медали тилои як олимпиадаи байналмилалӣ дар Екатеринбурги Русия аз забони русӣ шудааст.
Дар ин мусобиқот, ки ҳамчунин фаннҳои физикаву химия, математикаву биология ва забони англисиро фаро мегирифт, аз Тоҷикистон 33 толибилм ширкат доштаанд, ки бо 5 нишони тило, 9 медали нуқра ва 17 биринҷӣ ба ватан баргаштанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон 9 фарзанд – 7 духтар ва 2 писар дорад. Духтари ӯ Озода Раҳмонова дар сентябри гузашта муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон таъйин шуд. Писари калонии Эмомалӣ Раҳмон – Рустами Эмомалиро як сол пеш муовини раиси Иттиҳоди ҷавонони ин кишвар интихоб карданд.
XS
SM
MD
LG