Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Путин бо Отунбоева


Сомонаи интернетии сарвазири Русия Владимир Путин хабар додааст, ки Путин бо Роза Отунбоева тавассути телефон сӯҳбат дошт. Ин гуфтугӯ зоҳиран як аломати эътирофи хонум Отунбоева ба ҳайси "раҳбари ҳукумати эътимоди миллӣ" дар Қирғизистон талақӣ мешавад. Мухолифини сиёсии Қирғизистон мегӯянд, назорати давлатро ба дасти худ гирифта, парлумонро мунҳал кардаанд. Раҳбари мухолифин Роза Отунбоева гуфт, ӯ феълан раҳбарии ҳукумати муваққати давраи гузорро бар дӯш дорад ва ҳамоҳангсозии кори маъмурияти муваққати кишварро то 6 моҳи дигар, то замони таҳияи Қонуни асосии ҷадид анҷом хоҳад дод: “Мо ҳамчун ҳукумати муваққат ҳамзамон кулли салоҳиятҳои раисиҷумҳур, парлумон ва ҳукуматро иҷро хоҳем кард. Мо назорати қудратро дар кишвар бар дӯши худ мегирем.”
Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар пайи задухӯрдҳои хунини рӯзи чоршанбе миёни тазоҳургарон ва нирӯҳои амниятӣ, ки дастикам 75 кушта ва беш аз 1000 захмӣ ба ҷо гузошт, пойтахт, шаҳри Бишкекро ба қасди ҷануби кишвар тарк гуфтааст. Роза Отунбоева теъдоди кушташудагонро беш аз 100 нафар мегӯяд. Сафири Қирғизистон дар Русия Раҳимқул Атоқулов гуфтааст, ки бо раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев гуфтугӯи телефонӣ дошт ва Боқиев гӯё гуфтааст, ки истеъфо надодааст, балки қасд дорад, дар ояндаи наздик бо як паём ба мардум муроҷиат кунад.
Ҷомиаи байналмилалӣ, бо шумули Амрикову Русияву Чин, ИА ва СММ, ҳамаи ҷонибҳоро ба хомӯшӣ ва хештандорӣ даъват кардаанд. Фиристодаи хоси дабири кулли СММ Ян Кубиш, қарор аст, фардо, 9 апрел вориди Бишкек шавад.
XS
SM
MD
LG