Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин дар баҳси таҳримоти зидди Эрон ширкат мекунад


Чин таъйид кард, ки дар нишасти имрӯза, ки имкони эъмоли даври нави таҳримоти СММ алайҳи Эронро баҳс мекунад, ширкат хоҳад варзид. Сухангӯи вазорати хориҷаи ЧинҶианг Ю гуфт, Пекин дар ин “баҳси муҳим” ширкат меварзад, чунки ҳамчунон ба гуфтугӯ ва машварат дар қиболи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон бовар дорад.
Аксари кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки ҳадафи Эрон аз ин барномаҳояш даст ёфтан ба тавлиди силоҳҳои ҳастаист.
Аммо Теҳрон тавлиди нирӯи барқи ҳастаиро танҳо ҳадафи худ аз пешбурди фаъолиятҳои ҳастаӣ меномад.
Баҳси имрӯза дар Ню-йорк ҳамаи 5 узви доимии Шӯрои Амният – Амрикову Русияву Чин, Бритониёву Фаронса ва ҳамчунин Олмонро гирди ҳам хоҳад овард. Чин то кунун ширкат дар баҳси таҳримоти нав алайҳи Эронро радд мекард.
XS
SM
MD
LG