Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сериали нав дар бораи бозори Черкизово


Дар Маскав наворбардории як сериали иборат аз 60 қисмат бо номи “Бозор” шурӯъ шуд. Ин сериал дар бораи бозори феълан басташудаи Черкизовост. Шабакаи РенТВ ва ширкати RWS барои иштирок дар ин филм атбоъи Чину Ветнам ва Узбакистону Тоҷикистонро низ даъват кардаанд. Қарори маълум, дар бозори Черкизово, ки моҳи июни соли гузашта баста шуд, дастикам 5 000 шаҳрванди Тоҷикистон кор мекард.
Филм достони зиндагии як ҷарроҳи музофотии рус аст, ки духтараш дар бозори Черкизово гум мешавад.
XS
SM
MD
LG