Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси маркази дастгирии иттиҳодияҳои соҳибкорӣ


Бо кумаки молии Оҷонсии олмонии ҳамкории техникӣ дар Тоҷикистон барои дастгирии созмону иттиҳодияҳои соҳибкорӣ як маркази вижа таҳти унвони «Маркази дастгирӣ ва рушди иттиҳодияҳои Тоҷикистон» таъсис шудааст. Раиси тозатаъини ин марказ Сабоҳат Раҳимзода мегӯяд, маркази нав дар чаҳорчӯби барномаи Оҷонсии олмонии ҳамкории техникӣ дар бахши соҳибкории хурду миёна роҳандозӣ мешавад. Маркази дастгирӣ ва рушди иттиҳодияҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 20 иттиҳодияи соҳибкории кишварро дар бар мегирад, вале ба гуфтаи масъулони он, ба дигар иттиҳодияҳо низ кумак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG