Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар зинаи аввали СНГ


Рӯзномаи "Комерсант"-чопи Маскав навиштааст, дар давоми моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон аз лиҳози рушди саноат дар миёни кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ мақоми аввалро ба даст овардаанд. Дар ду моҳ рушди санъатии ин ду кишвар 15 дарсадро ташкил додааст. Рӯзнома навиштааст, сабаби пешрафт ин будааст, ки нишондиҳандаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамин давраи соли гузашта хеле поин будааст ва дар муқоиса бо соли пеш нишондиҳандаҳо боло рафтааст. Дар зинаи севвум Қазоқистон бо 10 дарсад, сипас Арманистон бо 9,4 дарсад омадаанд. Молдова бо 4 дарсад дар зинаи ахир ҷой гирифтааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, соли 2009 тавлидоти санъатии Қирғизистон дар ду моҳи аввал 27 дарсад ва тавлидоти санъатии Тоҷикистон 7 дарсад поин рафта буд.
XS
SM
MD
LG