Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати Карзай ба раҳбарони қабоил дар Қандаҳор


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳамроҳ фармондеҳи нирӯҳои НАТО генерали амрикоӣ Стенлӣ МакКристалл имрӯз дар шаҳри Қандаҳор дар пешорӯи оғози вуруди нирӯҳо ба ин минтақа, ки аз пойгоҳҳои ҷангиёни толиб шумурда мешавад, ба раҳбарони қабоил муроҷиат кард. Карзай ҳудуди 2000 нафар аз мақомот ва раҳбарони қабоилро итминони хотир дод, ки "бидуни ҳамкорӣ ва машварат" ҳеҷ навъ амалиёте дар ин минтақа роҳандозӣ нахоҳад шуд. Қарор аст, бахши аъзам аз 30 000 сарбози изофие, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ваъда додааст, озими маҳз шаҳру вилояти Қандаҳор шаванд.
XS
SM
MD
LG