Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти қатли 25 сокини рустои Суфия дар Ироқ


Сухангӯи нирӯҳои амниятии Ироқ гуфт, силоҳбадастоне, ки 24 нафарро дар рустои Суфия қатл карданд, ба хотири раҳгум задани мардум дар тан либоси сарбозони Амрикоро доштаанд.
Генерал Қосим Ато гуфт, бархе аз он афроди мусаллаҳ бо инглисӣ низ сӯҳбат мекарданд, то мардум бовар кунанд, ки онҳо асокири амрикоиянд. Бо гумони даст доштан дар куштори ҷамъии рӯзи ҷумъа дар рустои Суфия дар маҷмӯъ 25 нафар дастгир шудаанд. Ҳамаи кушташудагон ба гурӯҳи сунниҳое марбут буд, ки алайҳи Ал-Қоида меҷангид. Мақомоти Ироқ масъулияти қатли ин афродро ба дӯши Ал-Қоида бор мекунанд.
XS
SM
MD
LG