Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадаме дигар дар роҳи оғози парвозҳо ба Покистон


Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Покистон ба зудӣ боз хоҳанд шуд. Дар сафорати Покистон дар Душанбе ба хабаргузории русии “Регнум” гуфтаанд, ки чунин созишнома ахиран бо вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон имзо шуд. Тибқи ин санад, парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Покистонро ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар метавонанд созмон диҳанд. Мақомоти сафорати Покистон ифтитоҳи парвозҳои мустақимро як омили рушди тиҷорату сайёҳат ва фаъолтар шудани ташаббусҳои соҳибкорӣ миёни Душанбеву Исломобод унвон мекунанд.
XS
SM
MD
LG