Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуроти Бан Кӣ Мун аз мулоқотҳояш дар Бишкек


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун рӯзи шанбе дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва вазири хориҷа Қодир Сарбоев гуфт, бо мақомоти Қирғизистон музокироти “созанда” доштааст. Ин дар ҳолест, ки раҳбари СММ дар ҷараёни нахустин сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масоили ҳуқуқи башар тамаркуз кардааст.
Хабаргузории Ройтерс аз қавли як мақоми СММ гуфт, ки Бан Кӣ Мун дар мулоқот бо Сарбоев аз таъқиби матбуоти мустақил дар ин кишвар изҳори ташвиш кардааст.
Раҳбари СММ қаблан раҳбари Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро низ ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон даъват кард. Бан Кӣ Мун рӯзи якшанбе ба Узбакистон ва рӯзи 5 апрел ба Тоҷикистон сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG