Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди Путин аз Венесуэла


Сарвазири Русия Владимир Путин дар Каракас бо руасои ҷумҳуриҳои Венесуэла ва Боливия масоили рушди ҳамкорӣ миёни Русия ва ин ду кишвари Амрикои лотиниро баррасӣ кардааст.
Путин дирӯз ҳамроҳ бо 4 чархболи ахир аз 38 чархболи боркаши низомии МИ-17, ки Веенсуэла аз Русия харидорӣ кардааст, вориди Венесуэла шуд. Бино ба хабарҳо, ин ду кишвар бояд беш аз 30 қарордоди дигари ҳамкорӣ имзо кунанд.
Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес гуфт, Русия ба ин кишвар дар мавриди эҷоди соҳаи кайҳоншиносӣ, аз ҷумла партоби моҳвораҳо, кӯмаки худро пешниҳод ва ҳамчунин ҷиҳати ёрӣ ба тавлиди энержии ҳастаӣ ба Венесуэла изҳори омодагӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG