Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалилӣ мегӯяд, таҳримот алайҳи Эрон "корсоз" нест


Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон баъди мулоқотҳояш дар Чин гуфт, ҳарду кишвар мувофиқат кардаанд, ки таҳримот алайҳи Эрон корсоз нест. Сайид Ҷалилӣ дар рӯзи дуввуми боздидаш аз Чин ҳамчунин аз қудратҳои ғарбӣ хост, ба “таҳдид” ба Эрон дар робита ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш хотима диҳанд: "Мо фикр мекунем, Чин ҳам ба унвони як кишвари бузург ва зарфияти бузург метавонад, дар муқобилае бо сиёсатҳои ғалат ва равандҳои ғалате, ки бархе қудратҳо дунбол мекунанд, ҳамин нақши муассирро дошта бошад." Пештар аз ин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳибаи аз қабл забтшудаи телевизионӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида фишор ба Эронро бо ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ идома хоҳад дод. Сайид Ҷалилӣ гуфт, таҳримоти байналмилалӣ монеъи идомаи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон нахоҳад шуд. Ба суоли оё Чин аз таҳримоти нав алайҳи Эрон ҳимоят мекунад, вай гуфтааст, “Посухи суол аз Чин аст”. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки Эрон пайваст рад кардааст.
XS
SM
MD
LG