Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия сафирашро ба Вашингтон бармегардонад


Туркия эълом кард, ки бо гузашти як моҳ аз фаро хондани сафираш дар Амрико ӯро ба Вашингтон бармегардонад. Баъди он ки гурӯҳе аз вакилони амрикоӣ бо қабули қатъномае, куштори дастаҷамъии арманиҳо аз тарафи туркони усмониро наслкушӣ хонданд, Туркия сафираш Намик Танро аз Вашингтон фаро хонд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия имрӯз гуфт, пеш аз ҳузур ёфтани ӯ дар нишасти байналмилалӣ дар мавриди манъи густариши силоҳҳои атомӣ дар Вашингтон, Намик Тан ҳафтаи оянда ба Вашингтон бозмегардад. Сафири Туркия дар Шветсия ҳам баъди фаро хонданаш, аз ин кишвар аввали ҳамин ҳафта ба Стокҳолм баргашт. Порлумони Шветсия ҳам бо қабули қатъномае куштори арманиҳоро “наслкушӣ” хондааст. Арманиҳо мегӯянд, қатли 1,5 миллион ҳаммилатони онҳо дар соли 1915 аз тарафи туркони усмонӣ, амали барномарезишуда буд. Аммо Туркия ин рақамро нодуруст хонда ва мегӯяд, турки зиёде ҳам дар он давра кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG