Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ


Имрӯз аввалин боздиди расмии дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ оғоз меёбад. Ибтидо Бан аз Ашқобод зиёрат намуда, бо раҳбарони Туркманистон дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Ҳамчунон дабири кулли СММ ба Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ ва Институти миллии демократия ва ҳуқуқи башар ташриф хоҳад овард. Сипас Бан ба Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон сафар мекунад. СММ изҳор намудааст, ки дар ҷараёни боздид аз Осиёи Марказӣ ва музокирот бо раҳбарони кишварҳои минтақа Бан ҳамкориҳои минтақавӣ, халъи силоҳ, мубориза бо тағйири иқлим, роҳҳои ташвиқи рушд ва коҳиши камбизоатиро арзёбӣ мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки аснои ин сафар дабири кулли СММ аз баҳри тақрибан хушкидаи Арал ва озмоишгоҳи ҳастаии даврони шӯравӣ воқеъ дар Семипалатински Қазоқистон зиёрат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG