Пайвандҳои дастрасӣ

Анқара мавқеъашро оид ба таҳримот рушан накардааст


Туркия эҳтимолан аз ташдиди таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон пуштибонӣ нахоҳад кард. Дар ин бора сарвазири кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар мулоқот бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел хабар дод. Баррасии мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон – аз мавзӯъҳои меҳварии сафари дурӯзаи Меркел ба Анқара маҳсуб мешавад. Садри аъзами Олмон аз Туркия, ки аъзои Шӯрои амнияти СММ аст, хостори пуштибонӣ аз таҳримҳои шадидтар алайҳи Эрон дар Шӯрои амният шуд. Тарҳи қатъномаи нав аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш баъди он таҳия шуд, ки Теҳрон пешниҳодҳои нави ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар робита ба қатъи ғанисозии ураниум дар кишварро рад кард.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, ки Туркия дар мавриди ба ин қатънома дар Шӯрои амнияти СММ чӣ гуна раъй додан ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG