Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Ӯзбекистон дар бораи вагонҳои Тоҷикистон


Шоҳқосим Шоҳисломов-сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон гуфт, таҷаммуи зиёди вагонҳо ва зарфияти ками роҳи оҳани Ӯзбекистон сабаби ҷамъ шудани вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон шудааст. Вай ин суханонро дар сӯҳбати "Мизи Гирди кишварҳои ОДКБ" дар Душанбе изҳор дошт:

"Ҳамаи ин бору колоҳо ҷамъ шудаанд ва дар миёни онҳо бештар аз 1000 вагони Тоҷикистон низ ҳаст. Ман хотирнишон мекунам..., дар миёни онҳо... Дар вагонҳо навишта нашудааст, ки ин вагонҳои Амрикост ё Тоҷикистон".

Аммо дар ин нишаст Амирқул Азимов-Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон иддаои ҷониби Ӯзбекистонро рад кард ва гуфт, ки масири ҳаракати ҳамаи вагонҳои Тоҷикистон маълум аст ва Тоҷикистон медонад, ки ин вагонҳоро ҷониби Ӯзбекистон дар чӣ нуқтаҳо ногоҳ доштааст. Оқои Азимов гуфт, Ӯзбекистон бо чунин равиши худ набояд масъаларо сиёсӣ кунад.
XS
SM
MD
LG