Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли ғарқшавист


Гузоришҳо аз Кореяи Ҷанубӣ ҳокист, ки дар обҳои соҳилӣ бо Кореяи Шимолӣ як киштии Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли ғарқ шудан аст. Дар ин гузоришҳо, ки ҳанӯз зиддунақиз аст, аз қавли мақомти низомӣ омадааст, ки сабабҳои ғарқ шудани киштӣ номаълум боқӣ мемонад. Хабаргузории Йонҳап иттилоъ додааст, ки киштии Кореяи Ҷанубӣ ба сӯи як киштии номаълум дар Баҳри Зард дар наздикии марз бо Кореяи Шимолӣ оташ кушодааст, вақте киштиаш ғарқ шудааст. Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дода намешавад.
XS
SM
MD
LG