Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башардӯст "Чеҳраи сол"-и Афғонистон эълон шуд


Радиои Афғонистони Озод, як бахши Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ Рамазони Башардӯст, номзади собиқ ба интихоботи раёсати он ҷумҳуриро ба маҳзи муборизааш алайҳи фасод “Чеҳраи сол” эълон кард. Башардӯст, ки ӯро “Гандии Афғонистон” низ ном мебаранд, 7 сол пеш аз Фаронса ба ватан баргашта, аз он замон ба ин сӯ дар хаймае дар назди сохтмони парлумони Афғонистон зиндагӣ мекунад.
Башардӯст дар гузашта дар ҳукумати Ҳомиди Карзай вазири план буд, вале ба нишони эътироз ба адами иродаи давлат ҷиҳати мубориза бо фасод истеъфо дод.
Радиои Афғонистони Озод соли гузашта Аноркалӣ Ҳунарёр, як зани фаъоли ҳуқуқи башар аз қавми ҳиндутабори сикҳро “Чеҳраи сол” интихоб карда буд.
XS
SM
MD
LG