Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Туркманистон дар Душанбе иваз шуд


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо судури як фармон Нӯкарқулӣ Отақулиевро сафири ҷадиди кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кард. Отақулиев дар ин мақом Нурбердӣ Аннамуродовро, ки акнун сафир дар Украина таъйин шудааст, иваз мекунад.
Интисоби сафири нави Ишқобод дар Душанбе ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз сафари расмии Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷараёни ин сафар миёни ду кишвар 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG