Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли СММ ба Ғазза рафт


Рӯзи якшанбе дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ба минтақаи Ғазза ташриф овард. Зиёрати кӯтоҳ дар чорчӯби сафари Ховари Миёна амалӣ шуд, ки ҳадаф аз он эҳёи раванди сулҳ мебошад. Се сол инҷониб аз замоне, ки дар Ғазза созмони Ҳамос сари қудрат омад, Исроил ин минтақаро мавриди таҳрим қарор додааст. Аснои боздид Бан бо сокинони маҳаллаҳои вайроншудаи Ғазза вохӯрда, таъкид кард, ки бо онҳо ҳамдил аст. Рӯзи шанбе дабири кулли СММ аз мақомоти Исроил даъват кард, ки сохтмони маҳаллаҳои яҳудӣ дар манотиқи ишғолшудаи соҳили ғарбӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқиро хотима бахшанд. Рӯзи якшанбе фиристодаи хоси ИМА дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел ба минтақа сафар мекунад, то баъди шаш моҳи хомӯшӣ музокироти ғайримустақими Исроилу фаластиниҳоро барқарор кунад.
XS
SM
MD
LG