Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи "чаҳоргона" аз омодагии Исроил ва Фаластин


“Чаҳоргона”-и байнулмилалии миёнҷигарони раванди сулҳи Ховари Миёна аз омодагии Исроил ва Фаластин барои шурӯъи музокироти ғайримустақим истиқбол кард. Дар изҳороти “чаҳоргона”, ки имрӯз дар поёни нишасти ҳайатҳои Русия, ИМА, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Маскав қабул шуд, музокироти ғайримустақим ҳамчун “гоми муҳим дар эҳёи музокироти мустақим ва бидуни шартгузорӣ” арзёбӣ шудааст. Изҳоротро дар мулоқот бо хабарнигорон Дабири Кулли СММ Бан Ги Мун қироат кард. Миёнҷигарони байнулмилалӣ мутмаинанд, ки эҳёи музокирот ба танзими низоъи Ховари Миёна дар ду соли оянда мусоидат хоҳад кард.
Дар нишасти “чаҳоргона” вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи ИМА Ҳилларӣ Клинтон, Дабири кулли СММ Бан Ги Мун ва раиси бахши масоили байнулмилалии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG