Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон Мирдомодӣ бо васиқа аз зиндон раҳо шуд


Бино ба гузоришҳо, мақомоти Эрон бо васиқа Муҳсен Мирдомодӣ яке аз ислоҳталабони аршади Эронро аз зиндон раҳо карданд. Вай як ҷо бо як филмбардор ва як рӯзноманигори ислоҳотталаб моҳи июни соли гузашта ба зиндон афканда шуд. Сафҳаҳои интернетии мухолифон менависанд, ки Мирдомодӣ раҳбари бузургтарин ҳизби ислоҳталаб, яъне Ҳизби Ҷабҳаи Мушорикати Исломӣ бо васиқае ба арзиши 450 000 доллар раҳо шудааст. Вай барои таблиғ бар зидди низоми исломӣ ва барои фаъолияташ бар зидди амнияти миллӣ муттаҳам шудааст. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ мақомот фаъолияти Ҳизби Ҷабҳаи Мушорикати Исломиро мамнуъ эълон карданд.
XS
SM
MD
LG