Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Бердимуҳаммадов аз Душанбе шурӯъ мешавад


Интизор меравад, имрӯз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – раиси ҷумҳури Туркманистон, бо як боздиди расмӣ вориди Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, шавад. Вазорати умури хориҷа эълом кард, ки зимни сафар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дидору мулоқот анҷом медиҳад. Қарор аст, баъд аз мулоқотҳо як баёнияи муштарак ва ҳамчунин шаш санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон имзо шавад. Дар соли 2009 ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистону Туркманистон тақрибан 64 миллион долларро ташкил дода ва дар муқоиса ба соли 2008, 92 дар сад зиёдтар шудааст. Тоҷикистон аз Туркманистон умдатан тавлидоти нафтӣ, нерўи барқ ва маводи ғизоӣ ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG