Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти муштараки марзбонҳои тоҷику қирғиз дар Исфара


Имрӯз дар шаҳри Исфара коллегияи муштараки кумитаҳои ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин нишаст раҳбарони ниҳодҳои ҳифозати марзи ду кишвар дар бораи авзоъ дар сарҳад, чораҳои нав ба хотири боло бурдани самаранокии ҳифзи марз ва дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кумита табодули ахбор карданд. Дар чаҳорчӯби коллегияи муштарак мулоқоти алоҳидаи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-майор Шералӣ Мирзо ва раиси Хадамоти давлатии марзбонии назди ҳукумати Қирғизистон Аскар Жапаров баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG