Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон ҳамлаи мушакӣ 10 кушта бар ҷой гузошт


Мақомоти Покистон мегӯянд, ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар минтақаи қабиланишини ин кишвар дар Вазиристони Шимолӣ мушак партоб кардааст. 10 нафар кушта, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳамла ба минтақаи Датта Хейл сурат гирифтааст. Датта Хейл 40 километр дуртар аз Мироншоҳ-минтақаи муқаддаси Толибон ҷойгир аст. Мақомоти кашфи Покистон мегӯянд, ононе, ки дар ин ҳамла кушта шудаанд, хориҷиёне мебошанд, ки аслан бо ал Қоида иртибот доштаанд ва аз тундравҳои арабиву кишварҳои Осиёи Марказӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG