Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии мухолифини қирғиз аз "Азаттик"


Мухолифини ҳукумат ва ҳомиёни ҳуқуқи башари қирғиз имрӯз бо баргузории як намоиши эътирозӣ дар шаҳри Бишкек хостори аз сар гирифтани пахши барномаҳои радиои "Азаттик" , бахши қирғизии Радиои Озодӣ шуданд. Ба иттилоъи “Интерфакс”, дар ин намоиш тақрибан 50 нафар ширкат карданд, ки дар даст шиорҳои “Озодӣ ба "Азаттик” доштанд. Эътирозгарон ҳамчунин талаб карданд, ки дастрасӣ ба баъзе сомонаҳои интернетӣ ҳам дубора таъмин карда шавад. Шурӯъ аз рӯзи 12 март бархе аз радиоҳои хусусии Бишкек аз пахши барномаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ сарпечӣ карданд ва дар сӯҳбатҳои инфиродӣ ба фишори мақомот ишора намуданд. Ҳамчунин ҳафтаи гузашта мақомоти Қирғизистон дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ, аз ҷумла, фергана.ру ва сентразия.ру-ро ғайримумкин сохтанд.
XS
SM
MD
LG