Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия Воҳид" интихоботи маҳаллиро "ифлос" хонд


Дар Русия ҳизби ҳокими ин кишвар, интихоботи мақомоти маҳаллиро “ифлос” хонда ва нерӯҳои мухолифро ба тақаллубкорӣ дар интихобот муттаҳам кард. Вячеслав Тимченко – муовини раиси ҳизби Русияи Воҳид, дар як баёнияи расмии ҳизб гуфтааст, интихобот “бо қонуншиканиҳои васеъи такондиҳанда” ҳамроҳ будааст. Ба гуфтаи Вячеслав Тимченко, се ҳизби аслии мухолифи Русия, Ҳизби Коммунист, Ҳизби Либерал Демократӣ ва Ҳизби ҳукуматгарои “Русияи Боадолат” ба харидани оро машғул шудаанд. Қарор аст, натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро имрӯз эълом кунанд.
XS
SM
MD
LG