Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷрӯҳ шудани 5 тан дар таркиши нав дар Қандаҳор


Субҳи имрӯз бар асари як инфиҷор дар наздикии консулхонаи Покистон дар Қандаҳор дастикам 5 нафар, бо шумули 4 покистонӣ ва як афғон, ҷароҳат бардоштаанд.
Ин таркиш ба дунболи силсилаи таркишҳоест, ки дирӯз дар Қандаҳор дастикам 30 нафар, бо шумули 10 тан аз меҳмонони як тӯйи арӯсиро кушта ва беш аз 50 танро захмӣ ба ҷо гузошт. Масъулияти он ҳамлаҳоро Толибон бар ӯҳда гирифтанд.
Волии Қандаҳор Турёлай Висо баъди таркишҳои дирӯза аз давлати Афғонистон тақозо кард, то ба ин вилояти ҷанубӣ нирӯи изофӣ бифиристад.
Қандаҳор - зодгоҳи ҷунбиши Толибон – бояд баъд аз анҷоми амалиёти Ҳилманд ҳадафи дуввуми нирӯҳои Афғонистон ва паймони низомии НАТО қарор мегирифт.
XS
SM
MD
LG