Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба даври дуввуми интихобот дар Тоҷикистон


Рӯзи 14 март, дар ҳавзаи Конибодом даври дуввуми интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад. Барои танҳо курсии холимондаи парлумони оянда дар ҳавзаи Конибодом номзади ҳизби мухолифи сотсиал-демократ устоди донишгоҳ Шокирҷон Ҳакимов бо номзади ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ додситони феълии Кӯлоб Насруллоҳ Маҳмудов рақобат хоҳад кард. Рӯзи якшанбе ҳамин тавр, баргузории даври дуввум дар як силсила ҳавзаҳои маҳаллӣ низ дар назар аст.
Дар даври аввали интихоботи парлумонӣ, ки рӯзи 28 феврал барпо шуд, аксари курсиҳои Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллиро номзадҳои ҳизби ҳоким ба даст овард. Вале натоиҷи эълоншудаи интихобот боиси эътирози шадиди аҳзоби мухолифи наҳзати исломӣ, сотсиал-демократ ва демократ шуд.
XS
SM
MD
LG