Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз муҳосираи Навори Ғазза интиқод кард


СММ мегӯяд, агар Миср туннел ё нақбҳоеро, ки тавассути онҳо аз зери замин ба Навори Ғаззаи Фаластин молу коло интиқол дода мешавад, бибандад, фоҷеъа ба амал меояд. Ҷон Ҳолмз гуфт, садҳо нақби зеризаминӣ аз марзи Миср то Навори Ғаззаи Фаластин вуҷуд дорад. Дар шароити баста будани роҳҳои рӯизаминӣ аз қаламрави Исроил ин нақбҳо роҳи икмолотии аҳолии Навори Ғазза дониста мешаванд ва аз онҳо маводи ғаззоиву соири колоҳои тиҷоратӣ интиқол меёбанд. Ҷон Ҳолмз аз Исроил бори дигар даъват кард, ки роҳҳоро боз кунад.
XS
SM
MD
LG