Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти кишварҳои араб аз таҳримҳои нави зидди Эрон


Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс мегӯяд, кишварҳои Халиҷи Форс зоҳиран омодаанд, ки Чинро ба пуштибонӣ аз таҳримҳои нави зидди Эрон дар робита ба барномаи ҳастаии он таҳрик диҳанд. Гейтс дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба ташкили ҳаракатҳои қавитари зидди Эрон машғул аст дар ҳоли саркашии он аз талабҳои қатъи ғанисозии уран. Вай гуфт, сарони ҳам Арабистони Саудӣ ва ҳам Имороти Муттаҳидаи Араб аз талошҳои Иёлоти Муттаҳида дар пайрезии таҳримҳои тамаркузёфта ба раҳбарияти Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби он истиқбол кардаанд. Дар ҳоле ки Гейтс дар кишварҳои Халиҷи Форс сафар анҷом медиҳад, раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ҳушдор медиҳад, ки Вашингтон зери ниқоби мубориза бо терроризм хостори бартарӣ дар минтақаи нафтхез аст.
XS
SM
MD
LG