Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии хабарнигори бритониёвӣ дар навори Ғаза


Дар навори Ғаза хабарнигори бритониёвӣ озод карда шуд. Пол Мартин, ки барои Би-Би-Си ва рӯзномаи “Таймс”-и Лондон кор мекард, як моҳ қабл бо гумони “расонидани осеб ба амнияти Фаластин” боздошт шуда буд. Худи Пол Мартин мегӯяд, ӯро барои иҷрои вазифаи хабарнигорияш боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки Мартин бо мусоидати мақомоти Бритониё ва ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ озод карда шудааст. Хабарнигор раҳоии худро пирӯзии бузург дар роҳи озоди баён номид.
Пол Мартин нахустин шаҳрванди хориҷист, ки баъди таҳти назорати ҷунбиши ҲАМОС гузаштани навори Ғаза дар соли 2007, дар ин ҷо боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG