Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад хабарнигори эронӣ кишварро тарк намудаанд


Тақрибан сад хабарнигори эронӣ бар асари таъқибу фишори ҳукумат ба думболи интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузашта кишварро тарк гуфтаанд. Ин нукта дар гузориши Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон таъкид шудааст, ки ахиран дар Бейрут интишор ёфт. Дар ин гузориш омадааст, ки мақомоти Эрон дар роҳи саркӯб кардани тазоҳуроти зиддиҳукуматии мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ, хабарнигоронро ҳадафи аслӣ қарор додаанд. Муаллифон навиштаанд, ки айни ҳол дар Эрон 52 корманди расонаҳои хабарӣ зиндониянд ва ин теъдод хабарнигорони маҳбус дар ягон кишвари олам ба қайд гирифта нашудааст.
XS
SM
MD
LG