Пайвандҳои дастрасӣ

Таъхир дар эълони натиҷаҳои интихоботи Ироқ


Кумиссюни интихоботии Ироқ хабар дод, ки эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанберо ба таъхир мегузорад, зеро то ҳол танҳо 30 дарсади баргаҳои раъй шумурда шудаанд. Намояндагони ду ҷиноҳ, яке эътилофи таҳти сарварии сарвазири шиъа Нурӣ ал-Моликӣ ва дигаре, эътилофи дунявии сарвазири собиқ Аёз Алавӣ, ҳарду эълон кардаанд, ки дар интихобот пешсафанд.
XS
SM
MD
LG