Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини замони ҷаласаи нахустини порлумони нав


Нахустин ҷаласаи вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба рӯзи 16-уми марти соли равон таъин гардид.

Субҳи имрӯз, 9-уми март, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора фармон содир кардааст.

Аз 63 курсии порлумони нав 54-тояш ба ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ тааллуқ дорад.

ФЕҲРАСТИ ВАКИЛОНИ ПОРЛУМОНИ 2010-2015

Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби коммунист тариқи феҳрасти ягонаи умуҷумҳуриявӣ ду курсигӣ ва аҳзоби кишоварзиву ислоҳоти иқтисодӣ як курсигӣ гирифтаанд. Як намояндаи Ҳизби кишоварзӣ ҳамчунин дар ҳавзаи инфиродӣ ғолиб омадааст. Дар 39 ҳавзаи инфиродии дигар намояндагони ҲХДТ ғолиб дониста шудаанд. Танҳо дар ҳавзаи Конибодом раъйдиҳии такрорӣ миёни намояндаи ҲХДТ ва муовини раиси ҲСДТ доир хоҳад шуд.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистонро ҲХДТ, ҲАТ ва ҲИИТ ва нозирон аз Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ва ИДМ шаффоф ва демократӣ хондаанд. Аммо аҳзоби мухолиф ба мисли ҲНИТ, ҲДТ ва ҲСДТ иддао доранд, ки бар райъҳои ҷонибдорони онҳо дар ин интихобот хиёнат шудааст ва интихобот пур аз тақаллуб буд. Нозирони САҲА ва сафорати ИМА низ дар ин маврид ҷой доштани норӯшаниҳоеро дар интихобот зикр кардаанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби сотсиал-демократӣ аз болои тақаллубҳо ва қонуншиканиҳо дар интихобот ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Масъуд Собиров, раиси ҲДТ, талаб кард, ки натиҷаҳои расмии интихобот бекор карда шавад. Ахиран, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ин талаби М. Собировро рад кардааст. Хабаргузории давлатии «Ховар» навиштааст, талаби раиси ҲДТ ҳеҷ далеле ҳамроҳ надошт.

КМИР ҳамчунин аз вуруди 56 адад шикоят то таърихи 5-уми март хабар додааст. 39 шикоят то баргузории интихобот ва 17 адад пас аз рӯзи интихобот ба унвони КМИР ворид шудааст. КМИР гуфтааст, аз рӯи 7 шикояте, ки ниёз ба тафтиши вижа доранд, онҳо ҳамроҳ бо Додситонии кулл таҳқиқот мебаранд.
XS
SM
MD
LG