Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии номзади наҳзатиҳо ва баҳсҳо дар Ҷигатол


Мирзовалӣ Рӯзиев-номзади ҳизби ҳокими Халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ҷиргатол ба комиссиюни интихоботии ноҳиявӣ шикоят бурдааст ва хостори баргузори интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза шудааст. Вай гуфтааст, пирӯзии рақиби вай Муҳаммаддовуд Ҳасанов-раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин ноҳия бо тақаллуб ҳамроҳ аст:

"Участкаи Учҳол мегӯянд, 28 овоздеҳ дорад, ҳамаи ҳамонро се кас партофт, се кас-чор кас. Барои ҳамин эътироз баён кардам. Аз ман 311 овоз гирифтагӣ аз вай 324 овоз".

Аммо намояндаи ҳизби исломии ноҳия ин иддаоро рад кард ва гуфт, рақибаш аз ҳамаи имконот истифода кардааст, вале ҳамдеҳагонаш ба вай рай надодаанд. Вай афзудааст, аз баргузории интихоботи такрорӣ ҳарос надорад ва боз ҳам пирӯз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG