Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзи интихобот дар Ироқ 36 кас ба ҳалокат расиданд


Ҳамдия ал-Ҳусейнӣ, як мақоми Комиссиюни мустақили интихоботӣ, ба телевизионии давлатӣ гуфт, ки қитъаҳои интихоботӣ замони муқарраршуда, яъне соати 5-и баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ баста шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллуб мӯҳлати раъйдиҳӣ тамдид карда нашуд.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, имрӯз бар асари тақрибан 20 таркиш дар канори қитъаҳои интихоботӣ дар пойтахти кишвар - Бағдод ва шаҳрҳои Фалуҷа, Бақуба ва Самарра дасти кам 36 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Вазорати умури дохилаи Ироқ хабар дод, ки пурқурбонитарин таркишҳо дар канори қитъаҳои интихоботӣ дар Бағдод рӯх дода, 12 кушта бар ҷой гузоштанд. Дар ин ҳаводис 8 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбе шаҳрвандони Ироқ 352 вакили парлумонро интихоб карданд. Барои дарёфти мандати вакилӣ тақрибан 6200 номзад аз 80 ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ талош доштанд.
XS
SM
MD
LG