Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз таҳримҳо алайҳи Эрон пуштибонӣ намекунад


Чин эълом дошт, ки ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон мушкилоти марбут ба барномаи ҳастаии Эронро ба таври назаррас ҳал нахоҳад кард. Вазири умури хориҷаи Чин Ҷян Тзечӣ имрӯз изҳор намуд, ки, аз нигоҳи Пекин, имкони ҳалли ин қазия аз роҳи дипломатӣ ҳанӯз мавҷуд аст ва аммо ҳамзамон иқрор кард, ки баъзе мушкилот дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон дар миён аст.
ИМА ва кишварҳои ғарбӣ аз Чин даъват кардаанд, ки қатъномаи ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳодшуда оид ба эълони таҳримҳои нав алайҳи Эронро бипазирад. Аз нигоҳи Вошингтон, феълан, барои водор кардани Теҳрон ба дастбардорӣ аз идомаи ғанисозии ураниум, ба ҷуз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав, чораи дигаре боқӣ намондааст.
ИМА ва кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи атомӣ айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG