Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Туркия ба пешгирӣ аз қатъномаи "наслкушӣ"


Вазири умури хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу, аз ҳукумати президент Барак Обама даъват кард, ба қатъномаи эътирофи қатли оми арманиҳоро дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал аз тарафи туркҳои усмонӣ вето гузорад. Вай гуфт, Анкара аз раъйи мусбати кумитаи Конгресс дар ин бора ҷиддан дар ташвиш аст ва аз эҳтимоли шикаст дар равобити Амрико ва Туркия ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG