Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конгресси Миллии Мардуми Чин ба кор оғоз кард


Имрӯз дар Пекин-пойтахти Чин иҷлоси солонаи Конгресси Миллии Мардуми ин кишвар шурӯъ ба кор кард. Вен Жибао-нахуствазири Чин дар маросими гушоиши ин иҷлос суханронӣ кард ва гуфт, соли ҷорӣ Чин ба нақша гирифтааст, ки рушди иқтисодро ба 8 дарсад бирасонад. Соли гузашта Чин тавонист аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар канор монад ва ҳатто рушди иқтисоди худро 8,7 дарсад боло бибарад. Нахуствазири Чин гуфт, арзиши баробарии юан-пули милии Чин соли ҷорӣ дар баробари пулҳои дигар усулан устувор боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG