Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар зидди Эрон чорае ба ҷуз аз таҳрим чизе нест


Дирӯз Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки таҳримҳои баъдӣ бар зидди Эрон метавонад посухи муносиб ба рафтори ин кишвар дар қиболи барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш бошад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико далел оварданд, ки Эрон тааҳҳудоти худро бо афзоиши ғанисозии уран дар сатҳи болотар дар назди Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ иҷро накардааст ва нозирони ин ожонс навтавонистаанд бар ҷараёни чунин ғанисозӣ назорат баранд. Дирӯз хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ба бовари вай, Эрон танҳо дар сурате ба музокира розӣ хоҳад шуд, ки агар таҳримҳои ҷадид бар зидди вай ҷорӣ шавад.
XS
SM
MD
LG