Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паноҳиро ба маҳзи филми наваш дастгир кардаанд


Матбуоти Эрон мегӯяд, филмбардори маъруфи тарафдори мухолифин Ҷаъфар Паноҳӣ бо иттиҳоми пардохтан ба таҳияи филме, ки зидди низоми ҳоким унвон мешавад, боздошт шудааст. Паноҳиро рӯзи 1 март дар манзилаш дар Теҳрон дастгир карданд. Додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ гуфта буд, Ҷаъфар Паноҳӣ на бо далоили сиёсӣ ва ё ба маҳзи ҳунарманд буданаш боздошт шудааст.
Аммо гузоришҳои нашршуда дар сомонаҳои интернетии ҳам муҳофизакорон ва ҳам ислоҳталабони эронӣ мегӯянд, Паноҳӣ мехост дар бораи ошӯбҳои пасоинтихоботии Эрон филм бардорад ва ба ҳамин далел боздошт шуд. “Тобнок”, як сомонаи умдаи муҳофизакорон навишт, гумон меравад, ки Паноҳӣ мехост ин филмашро дар хориҷ намоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG